Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН– 2023. «Истиқлол» бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ғолиб омад

Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар доираи бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 бозӣ намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин бозии 83-юми дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои Ҷоми Тоҷикистон буд. Голи ягонаро дар дақиқаи 19-уми бозӣ Шаҳром Сулаймонов ба нишон расонида, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

Вохӯрии ҷавобии дастаҳо 7 октябр дар варзишгоҳи «Талко-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Пас аз ин бозӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои анҷом додани бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионати Осиё ба шаҳри Риёз сафар менамояд, то бо дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дидор анҷом диҳад. Бозии дастаҳо 2 октябр, соати 23:00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии дигари нимниҳоӣ байни дастаҳои футболи «Хатлон» -и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 29 сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Бохтар баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон